Ифтитоҳи толори дӯстии халқҳо
Душанбе, 07.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи бачагонаи ба номи Аркадий Гайдари шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Русия толори дӯстии халқҳо дар вазъияти ботантана мавриди истифода қарор гирифт. Чорабинии мазкур ба манзури татбиқи барномаи «Гулбарги дӯстӣ» рӯи кор омад, ки мақсад аз он таҳкими ягонагии байни миллатҳо ва тавсеаи муколамаи байнифарҳангӣ дар минтақа аст.
Чорабинӣ бо дастгирии бархе иттиҳодияҳои миллию фарҳангии вилояти Нижний Новгород роҳандозӣ шуд.
Дар маросими ифтитоҳи толори дӯстии халқҳо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, аҳли илму адаб низ ширкат доштанд. Дар толор китобҳои муаллифони кишварҳои гуногун, асбобҳои марбут ба фарҳанги маънавию моддии миллӣ ба маърази намоиш гузошта шудаанд.
Толори дӯстии халқҳо дар арафаи 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ифтитоҳ гардид, ки он рамзи хоса дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






