Иштироки 12 нафар дар Олимпиадаи донишҷӯён

Май 5, 2015 16:02

Душанбе, 5.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки   7-8 май дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаронида мешавад, 12 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат хоҳанд намуд. Дар ин бора сардори раёсати таълими донишгоҳ Саидқаҳҳор Ёқубов иттилоъ дод. 
Манбаъ афзуд, ки 12 нафар донишҷӯ аз 16 факултаи донишгоҳ интихоб гардида, дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи равияҳои  фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи инфарматсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология — экология, назарияи иқтисодӣ, фалсафа ва сиёсатшиносӣ  иштирок хоҳанд намуд. Донишҷӯёнро дар ин даври олимпиада   8 нафар устоди варзида роҳбаладӣ менамояд.
 
 

Май 5, 2015 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад