Иштироки муовини Сарвазири ҶТ дар маросими ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ
Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Имрӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ дар ҳошияи сафараш ба вилояти Хатлон дар маросими ифтитоҳи коргоҳи нави дӯзандагии дорои 15 ҷойи нави кории созмони ҷамъиятии «Чашма» — и ноҳияи Шаҳритус иштирок намуд.
Қобили зикр аст, ки барои коргоҳи нав коргарони лаёқатманд тайёр карда шудаанд.
«Имрӯз барои бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бояд ҳамаи имконоти мавҷуда истифода шаванд, зеро ин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти дохилӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад», — гуфт зимни суханрониаш муовини Сарвазири Тоҷикистон.
Марҳабо Ҷабборӣ ҳамчунин зикр намуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бахши истеҳсолотро дастгирӣ карда, барои рушди соҳибкории хурду миёна ба манзури фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ маблағҳои бебозгашт ҷудо мекунад.
М.Ҷабборӣ дар ҷараёни сафараш ҳамчунин аз хоҷагии деҳқонии «Наврӯзҷон» боздид намуда, бо занони хоҷагии мазкур суҳбат кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






