Иштироки Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси вазирони Паймони Нерӯ
Душанбе, 23.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 20-21 майи соли 2015 дар ш.Гаага Конфронси вазирони Паймони Нерӯ баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 80 кишвари дунё ширкат намуданд.Зимни конфронс Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён маълумоти муфассал оид ба иқтидори сармоягузорӣ дар соҳаи обӣ-энергетикии кишвар манзур намуда, ҷонибҳоро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд даъват намуд.Ҳамзамон, Намояндаи доимии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба рафти омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод.Ҳамчунин, дар ҳошияи конфронс мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Муовини Ёвари Котиби ИМА оид ба энергетика Робин Дунниган баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои дуҷонибаи қобили таваҷҷӯҳ баррасӣ гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






