Иштироки паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо

Май 8, 2015 10:28

Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Рӯзҳои 9-ум 10-уми майи соли равон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки дар шаҳри Питешти Руминия баргузор мешавад, паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов иштирок мекунад.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар Хуршед Маҷидов  дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудаши 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 2-3 май дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуд, соҳиби медали нуқра гардид.
Хуршед дар ин мусобиқа дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Дар мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Русия бо касби 24 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби Ҷопон (5-0-2) ҷойи дуюм ва тими мунтахаби Бразилия бо гирифтани панҷ нишон (2-1-2) ҷойи сеюмро ишғол карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва як ҷойи ҳафтум мақоми 9-умро соҳиб шуд ва аз 28 кишвар пеш гузашт.
 
 
 
 
 

Май 8, 2015 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд