Кашфи хумдони сафолпазии асримиёнагӣ дар Турсунзода
Душанбе, 16. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Сарзамини Тоҷикистон макон ва маҳфуздорандаи ганҷу сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонӣ ба ҳисоб меравад. 13 майи соли 2015 аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг дар деҳаи Қамбари шаҳри Турсунзода боз як ёдгории бостонии хеле нодир-хумдони сафолпазии асримиёнагӣ бо нигоҳдошти тамоми ҷузъиётҳояш кашф ва ба қайд гирифта шуд.Бояд зикр намуд, ки ёдгории мазкур бо чунин нигоҳдошт ва ҳаҷм бори нахуст дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Таҳқиқҳои пешакӣ нишон доданд, ки хумдон ба асрҳои IX-X мелодӣ мансуб мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






