Консепсияи тамға ва ҳифзи ҳуқуқҳои моликони ҳуқуқ
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 18 ва 19 май дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Консепсияи тамға ва ҳифзи ҳуқуқҳои моликони ҳуқуқ» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон якҷоя бо Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ, ки онро ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ менамояд, роҳандозӣ мешавад.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин маросим роҳбари Раёсати барномаҳои таълимии Институти федералии Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ Маттиас Кех сухан мекунад.
Дар ҷараёни омӯзиш масоили аҳамияти моликияти зеҳнӣ барои тиҷорат, ҳифзи патент ва ҳуқуқи муаллифӣ, ҷиҳатҳои бозаргонии нишонаҳои амвол, ҳамчунин мавқеъгузории тамға дар бозор ва консепсияи он баррасӣ мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






