Манъи муваққатии ҳаракат дар яке аз роҳҳои марказӣ
Душанбе, 29. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 28-уми май то 10-уми июни соли 2015 ҳаркати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви пойтахт манъ мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи шаҳрдори Душанбе, марҳилаи сеюми гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи М. Назаршоев оғоз гардидааст.
Шаҳрдори пойтахт аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ба хотири таъмини бехтарии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи М. Назаршоев ҳаракати худро аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то кӯпруки кӯчаи Аҳмади Дониш муваққатан то анҷоми корҳои сохтмонӣ қатъ намоянд.
Марҳилаи аввали сохмтону навсозии кӯчаи Моёншо Назаршоев 5-уми феврали соли 2014 оғоз шуд ва то 5-уми декабри соли гузашта ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин кӯча манъ буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






