Мансабдорон барои ироаи омори носаҳеҳ муҷозот мешаванд
Душанбе, 06.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Тоҷикистон минбаъд мансабдорон ва шахсони ҳуқуқӣ бо ҷурми пешниҳоди маълумоти нопурра ва нодурусти оморӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар ин росто 6 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуданд.
Рустам Шоҳмурод -вазири адлияи кишвар зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки он бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолият, саҳҳеҳияти ҳисоботи аз ҷониби шахсони ҳисоботдиҳанда пешниҳодшаванда, зиёд намудани манбаъҳои андозбандӣ ва пешниҳоди маълумоти даққиқи оморӣ таҳия шудааст. Ҳамин тариқ ба моддаи 115 -и Кодекси мазкур тағийрот ворид шуд, ки тибқи он барои риоя накардани тартиби пешниҳоди ҳисоботи омори давлатӣ ва пешниҳод намудани маълумоти ҷамъбасти омори нопурра ё нодуруст мансабдорон ва шахсони ҳуқуқӣ дар шакли супоридани ҷарима муҷозот мешаванд, ки андозаи ҷаримаро ҳукумати кишвар муайян хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






