«Менеҷменти нави давлатӣ» барои занони роҳбар

Май 18, 2015 08:37

Душанбе, 18. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандон-занони Агентии назорати маводи нашъаовар аз 11 то 16 майи соли 2015 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президент дар курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳо будаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар мавзӯи «Менеҷменти нави давлатӣ» иштирок намуданд.
Курси мазкур дар асоси “Нақшаи ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Донишкадаи идоракунии давлатӣ” гузаронида шуд, ки ба он занон аз 35 вазорату идора даъват шуданд. Зиёда аз 75 нафар шунаванда аз ҳисоби занони забондон ва лаёқатманд барои захираи кадрҳо даъват шуд. Дар давоми ҳафта барои такмили донишу малака ба шунавандаҳо устодон ва мутахассисони ботаҷрибаи Донишкадаи идоракунӣ дарс гуфтанд.
Зимни омӯзиш иштирокчиён санҷишҳои хаттӣ ва тестӣ дар мавзӯҳои «Менеҷменти нави давлатӣ», «Идоракунии захираҳои инсонӣ», «Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ» супорида, дар он қобилияту истеъдод ва саводнокии худро нишон доданд.
Дар анҷоми курс мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Махфират Хидирзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Лутфия Абдулхолиқзода, устодон ва омӯзгорон  иштирок намуданд.
Дар хатми чорабинӣ шунавандагони курси такмили ихтисос бо «Гувоҳнома» сарфароз гардонида шуданд.
 
 
 

Май 18, 2015 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!