Моҳияти оила дар ҷомеаи муосир
Душанбе, 18.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 май дар Рӯзи байналмилалии оила дар мавзӯи «Оила ҳамчун институти иҷтимоӣ» маҳфили фарҳангиву тарбиявӣ доир шуд, ки дар он Саъдулло Исломов, академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Акбар Субҳонов, мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ сухан карданд.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар маҳфил муовини ректор оид ба таълим Илҳомуддин Иброҳимов зикр намуд, ки оила ҳамчун ҷузъи хурдтарини ҷамъияти инсонӣ аз давраҳои қадим то имрӯз таваҷҷуҳи донишмандон ва олимони мухталифи илмро ба худ ҷалб кардааст. Дар чорабинӣ олимони соҳаи демография муаммоҳои ҳаёти оиладорӣ аз ҷиҳати демографӣ арзёбӣ гардиданд.
Олими намоёни соҳаи демография Саъдулло Исломов дар мавзӯи «Моҳияти оила дар ҷомеаи муосир», Акбар Субҳонов дар мавзӯи «Муаммоҳои оилаҳои муосир: никоҳ ва талоқ» ва устодону донишҷуёни донишкада дар мавзӯъҳои «Омилҳои иҷтимоию психологии рушди муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазифаҳои асосии оилаи муосир»,«Тарбия дар асарҳои Умари Хайём» маърӯза намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






