«Мо кӯдакони хушбахти замон»-озмун
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» — и маркази вилоят озмуни расмкашӣ дар рӯи мумфарш байни мактабиёни шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, иштирокчиёни озмун 20 нафар хонандаи синфҳои аз панҷум то даҳум буда, онҳо ғолиби даври якум гардиданд.
Озмун таҳти унвони «Мо кӯдакони хушбахти замон» доир шуда, иштирокдорон беш аз 25 расми дар рӯйи мумфарш кашидаи худро манзури ҳакамон намуданд.
Дар натиҷа ҷойи аввал насиби хонандагони мактаби таҳсилоти умумии № 5 шуда, ҷойи дуюмро муҳассилини мактаби хусусии «Гулчини маърифат соҳиб гашта, иштирокчиёни мактаби № 22 сазовори ҷойи сеюм шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






