Муқовимат бо коррупсия
Душанбе, 22.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо намояндагони Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.Дар вохӯрии мазкур раиси кумита Махфират Хидирзода, кормандони кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, оид ба мавзӯи матраҳ раиси кумита Хидирзода Махфират Умар ва муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимова сухан гуфтанд.Ҳамзамон аз ҷониби кормандони агентӣ мазмун ва мақсади «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба иштирокчиёни чорабинӣ фаҳмонида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






