Муаррифии фарҳанги тоҷик дар Фестивали байналмилалии анъанаҳо
Анталия, 18.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқим Малаев). — Дар Донишгоҳи байналмилалии Анталияи Ҷумҳурии Туркия фестивали байналмилалии муаррифии анъанаҳои миллии кишварҳои дунё баргузор гардид, ки дар он 18 нафар донишҷӯи тоҷик ширкат варзиданд. Дар фестивали мазкур донишҷӯёни тоҷик гӯшаи худро доштанд, ки тавассути он аксҳо, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии тоҷикӣ ва таомҳои миллӣ пешкаши тамошобинони фестивал гардиданд. Дар фестивал донишҷӯёни тоҷик санъати баланди мусиқии тоҷикро дар радифи дигар кишварҳо бо сурудани сурудҳо ва дар намоиш гузоштани рақсҳои миллӣ муррифӣ карданд.
Дар маҷмӯъ дар ин фестивал 500 донишҷӯ аз 83 кишвари ҷаҳон иштирок намуд. Донишҷӯёни тоҷик бо малакаву истеъдоди беҳамтои худ санъату фарҳанги тоҷикро дар замири намояндагони ин кишварҳо коштанд, ки ин албатта, барои шинохти боз ҳам бештар ва муаррифии номи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мусоидат мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






