Муассисаи таълимӣ ба номи иштирокчии ҷанг З. Осимов
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд ба номи иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Зайниддин Осимов гузошта шуд. Ба ин муносибат дар мактаб бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, омӯзгорон, толибилмон ва пайвандону собиқадорони меҳнат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Зайниддин Осимов 14 майи соли 1914 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб соли 1936 факултети кимиё ва табиатшиносиро хатм намуда, дар худи донишкада меҳнати педагогӣ ва илмиашро оғоз менамояд.
Баробари оғози ҷанг ӯ аз аввалинҳо шуда, барои ҳимояи ватан меравад. Зайниддин Осимов 17 июни соли 1944 дар задухӯрди шадиди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маҷруҳ мешавад ва ӯро дар маҳаллаи Заходскоеи шаҳри Виборг ҳамчун командири 109 полки тирандозӣ, офитсер ва қаҳрамон дафн мекунанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз мардонагию матонат ва зиндагии ин ҷанговар ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки хизматҳои ин олим, муаллим ва ҷанговар дар таърихномаи миллати мо абадан номнавис шудааст.
Сипас Рачаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии пайвандони Зайниддин Осимов пардаро аз рӯи лавҳаи ёдгории номгузорӣ шудани ин мактаб бардошта, ҳозиронро бо ҷашни фархундаи ғалаба табрик намуд.
Хоҳари Зайниддин Осимов — Башорат Осимова дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва фарзанди ҷанговари шаҳид- Акмал Осимов дотсент, номзади илмҳои физика математикаи Донишкадаи политехникии донишгоҳи техники тоҷикӣ ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз хотираҳои неки пайвандони худ бобати зиндагӣ ва амалҳои шоистаи пайванди худ ёдоварӣ намуда, барои посдории номи Зайниддин Осимов изҳори сипос намуданд.








Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






