Мулоқоти Э.Раҳмон бо директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 16.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории судбахш, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва мусоидат ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар ва қарорҳои Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба механизмҳо ва ташаббусҳои зиддибӯҳронӣ зоҳир гардид.Изҳори бовар карда шуд, ки тадбирҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна мусоидат мекунанд.Хотиррасон бояд намуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ асосан дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, аз ҷумла дар бахшҳои воқеии иқтисодӣ чун саноат, кишоварзӣ, беҳсозии инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ ва ғайра сурат мегирад. Ҳоло дар Тоҷикистон 21 лоиҳа бо маблағгузории гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумиаш 323 миллион доллари амрикоӣ мебошад.Яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷм ва бисёр судбахш, ки Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ дар он ҳамкории босамар доранд, лоиҳаи минтақавии бунёди хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 мебошад, ки интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад ва то соли 2018 бояд фаъол гардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






