Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Русия Павел Конков
Душанбе, 22.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Русия Павел Конковро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду кишвар баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои муносиботи Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда, аз ҷумла зикр намуд, ки “Федератсияи Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буду ҳаст, зеро ҳоло наздики 50% сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар ба ин шарики стратегии мо рост меояд”.Таъкид гардид, ки “бояд ин тамоюл натанҳо нигоҳ дошта шавад, балки густариш ёбад”.Бо таваҷҷуҳи махсус ба робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар, аз ҷумла миёни вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Ивановои Русия таъкид гардид, ки дурнамои чунин ҳамкорӣ басо умедворкунанда аст.Тазаккур дода шуд, ки ҳоло миёни минтақаҳои ду кишвар беш аз 75 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.Рушди ҳамкорӣ бо вилояти Ивановои Русия дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, сохтмон, технологияҳои муосир, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чун пахта, меваю сабзавот ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти хушсифат дорои дурнамои хуб номида шуд.Ба масоили муташаккилона ба роҳ мондани фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг сурат гирифт. Ёдоварӣ шуд, ки ҳоло 500 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии воқеъ дар вилояти Ивановои Русия таҳсил мекунанд ва имкон дорад ин шумора оянда хеле афзун гардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






