Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

Май 22, 2015 16:20

Душанбе, 22.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ намояндагони Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии Патрисия Виеверс Картер ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот раванди амалишавии Лоиҳаи грантӣ «Оид ба таҳкими системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» баррасӣ гардида, таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша барои рушди  соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. 
Дар навбати худ маълумоти намояндагони бонки мазкур шунида шуда, зикр гардид, ки Лоиҳаи грантӣ бо маблағи умумии 3,2 млн. доллари ИМА аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Бонки ҷаҳонӣ) маблағгузорӣ шуда, вазифаҳои аввалиндараҷаи он аз таҳияи Феҳристи миллии автоматикунонидашудаи ҳифзи иҷтимоӣ бо назардошти нигоҳдории пурраи техникии феҳристи мазкур, идораи махзани маълумоти гурўҳҳои эҳтиёҷманд, таҳлили сатҳи некўаҳволии гурўҳҳои эҳтиёҷманд ва таъсиси дурнамо вобаста ба такмили соҳаи иҷтимоӣ ва маблағгузории дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар давраҳои дарозмуддат иборат мебошад.
Мавриди қайд, ки мониторинги фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати татбиқи барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва расонидани кумаки дастгирию методӣ, мукаммалсозии пардохтҳои даврӣ баҳри беҳтар намудани раванди баҳодиҳӣ ва ҳисоботдиҳии масрафи маблағҳои буҷети давлатӣ, гурўҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мониторинг ва баҳодиҳии татбиқи барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоиро дар 25 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ба анҷом расонид. 
Маҷмўи чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ, аз ҷумла доир намудани тренингу семинарҳо дар 15 шаҳру ноҳияи нави таҷрибавӣ оид ба ҷорӣ намудани низоми нави кумаки унвонии иҷтимоӣ, такмил додани намунаи ҳуҷҷатҳо барои муроҷиаткунандагон оид ба таъйин намудани кумаки унвонии иҷтимоӣ, инчунин нашри маводи таблиғотӣ барои иттилоотонии аҳолии шаҳру ноҳияҳои нави таҷрибавӣ анҷом дода шуданд.
Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 “Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ба маҳзани ягонаи маълумот 6901 ариза (анкета) ворид  шуд, ки дар натиҷаи коркарди он тавассути барномаи электронӣ ба 5754 оила ва шаҳрванди камбизоат кумаки унвонии иҷтимоӣ таъйин  шуд.    
То ҳолати 1 майи соли 2015 шумораи умумии оилаҳои камбизоат, ки гирандагони кумаки унвонии иҷтимоӣ мебошанд, ба 59133 расидааст.
Масъалаҳои дарёфти маблағҳои иловагӣ барои пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин маблағгузории минбаъдаи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор доранд.
 
 

Май 22, 2015 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид