Мулоқоти Н. Зоҳидӣ бо ҳайати Коллеҷи миллии мудофиаи Ҳиндустон
Душанбе, 19.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 18 майи соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ҳайати афсарони Коллеҷи миллии мудофиаи Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот Н.Зоҳидӣ аъзои ҳайатро бо самтҳои асосии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар марҳалаи муосир ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, мудофиа ва амнияти минтақавӣ шинос намуд.
Н.Зоҳидӣ ба саволҳои намояндагони коллеҷи мазкур дар робита ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи сармоягузорӣ, аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва истифодаи васеъ аз иқтидори транзитии Тоҷикистон ва Афғонистон дар таъмини рушди устувор, сулҳ ва суботи минтақа посух дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






