Мулоқоти Н. Зоҳидӣ бо вазирони Покистон
Душанбе, 06.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон зимни мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ- муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Обид Шер Алӣ -вазири давлатии энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Исломобод матраҳ гардид.
Департаменти иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот мусоҳибон тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвари дӯстро дар бахши энергетика баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо вазири федеролии тиҷорати Покистон Хуррам Дастгир Хон мулоқот анҷом дод, ки дар он вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла масъалаи созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, ки матни он барои тақвияти тиҷорат дар минтақа дар доираи ҷаласаҳои коршиносони се кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад, муҳокима шуд.
Инчунин ҷонибҳо манфиатдории худро ба истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати афзоиши ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвари дӯст баён карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






