Мулоқоти нуҳуми кишварҳои узви Ёддошт дар бораи ҳусни тафоҳум
Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 4 май дар шаҳри Ашқобод мулоқоти нуҳуми кишварҳои узви Ёддошт дар бораи ҳусни тафоҳум ҷиҳати ҳамкорӣ дар бахши назорати маводи мухаддир ба кораш шурӯъ намуд, ки дар он намояндагони хадамоти мубориза алайҳи маводи мухаддири кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Русия ширкат доранд.
Назар ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, ба ин чорабинӣ ҳамчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои мубориза алайҳи маводи мухаддир, намояндагони давлатҳои мушоҳид ва мададгорони Маркази минтақавии иттилоотию танзимотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои фалаҷкунандаи асаб даъват шудаанд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот вазири корҳои хориҷии ҶТ С.Аслов, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р.Назарзода, муовини вазири адлия Ш.Нодирӣ ва сардухтури Диспансери ҷумҳуриявии наркологии Вазорати тандурустии ҶТ М.Малахов ширкат доранд.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Р.Назарзода зимни суханрониаш иброз дошт, ки ба вазъи маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ кӯшиши гурӯҳҳои нашъаҷаллобон барои васеъ намудани бозори фурӯши маводи мухаддир хос аст.
Зикр шуд, ки барои ташкили низоми судманди мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими сарҳадот ва густариши фаъолият барои ҷилавгирии нашъаҷаллобӣ бояд мақомоти зидди маводи мухаддири кишварҳои минтақа бештар якҷоя саъю кӯшиш намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






