Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Ваколатдори ВКХ-и Олмон

Май 5, 2015 16:10

Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — 4 майи соли ҷорӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқоти кории Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо Ваколатдори ВКХ-и Олмон оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Майер-Клодт баргузор гашт. Зимни  суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро баланд арзёбӣ карда, барои вусъати онҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат Сафири Тоҷикистон оид ба вазъи сиёсию иқтисодии имрӯзаи Тоҷикистон, омодагии ҷониби Тоҷикистон ба Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон, ки дар нимаи дуюми моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст ва ҳамзамон дар бораи омодагӣ ба   Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» маълумот пешниҳод намуд. 
Дар навбати худ Майер-Клодт иштироки ҷониби Олмонро дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об иброз дошт.

Май 5, 2015 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад