Мулоқоти созанда дар Донишгоҳи Кӯлоб
Душанбе, 19.05.2015. («АМИТ Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- 16 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (ДДК) ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар», мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонов хабар дод.
Мақсади мулоқот аз суҳбати озоду ошкоро доир ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси миллию ватандӯстии ҷавонон, нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бештар ба китобхонӣ машғул гардидани ҷавонон иборат буд.
Аҳтам Абдуллозода дар мулоқот иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамаи ин чорабиниҳо маҳз ба хотири ҳарчи бештар муҳаё намудани шароит барои ҷавонон равона гардидааст.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки имрӯз бархе аз ҷавонон аз ноогоҳӣ фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ мегарданд, ки ин оқибати хуб надорад. Аз ин рӯ, аз донишҷӯён даъват шуд, ки аз фазои хуби таҳсил самаранок истифода намуда, бештар ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва аз бар намудани илму дониш рӯй оранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






