Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамоҳангсози доимии СММ
Душанбе, 26.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 25 майи соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Александр Зуев мулоқот кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва сохторҳои СММ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои БРСММ дар Тоҷикистон дар соли 2015 ва иштироки ҳайати СММ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 (9-11 июни 2015 дар Душанбе) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






