Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон
Душанбе, 14.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 13 майи соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, низомӣ, кишоварзӣ, консулӣ ва инчунин вазъияти Афғонистон, амнияти минтақа ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Табодули назари судманд оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ сурат гирифт. Ҷонибҳо сатҳи робитаҳо ва ҳамкории кунунии ду кишварро мусбат арзёбӣ карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.
Имрӯз ҳамчунин мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов бо мушовир оид ба масъалаҳои амниятии Ҳиндустон Аҷит Довал баргузор шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи минтақа ва ҳамкории байни ду кишвар дар масъалаҳои низомию амниятӣ табодули афкор намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






