Мусобиқа оид ба таэквондо бахшида ба 70-солагии Ғалаба
Душанбе, 6.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии кишвар имрӯз, 6-уми май дар Корти тенниси КВД «Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон мусобиқаи кушодаи шаҳрӣ оид ба таэквондо (ВТФ) бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор мешавад.
Ин мусобиқа бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи таэквондо (ВТФ)-и кишвар ва таҳти сарпарастии ҶДММ «Ғаюр” барпо мегардад.
Мусобиқаи мазкур тибқи қоидаҳои байналмилалӣ дар 8 вазн байни писарону духтарон ва мардон сурат мегирад.
Гуфта мешавад, ки ғолибон ва онҳое, ки дар вазни худ ҷойҳои дувумро мегиранд, бо медалу туҳфаҳо ва сертификатҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз мешаванд. Ба варзишгароне, ки ҷойҳои севумро соҳиб мегарданд, медалу сертификат супурда хоҳад шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






