Мусобиқоти байналмилалӣ аз рӯи гӯштии тарзи юнонию римӣ
Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ба ифтихори 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 5 ва 6 май дар маҷмааи варзишии ҷумҳуриявии «Динамо» — и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқоти байналмилалӣ аз рӯи гӯштии тарзи юнонию римӣ байни наврасони синнашон аз 12 то 17 баргузор гардид.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, дар мусобиқот беш аз 400 нафар варзишгарон аз саросари минтақаҳои кишвар, ҳамчунин аз Қазоқистону Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Ба гуфтаи муовини директори мактаби захираҳои олимпии № 6 шаҳри Душанбе Дилшод Ҷобиров, варзишгарони ҷавони мактаби мазкур барои пирӯзӣ дар ин мусобиқот пайваста саъю кӯшиш карданд. Бо ибтикори вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар кишвар бори нахуст чунин мусобиқоти махсуси байналмилалии наврасон доир гардид.
Мураббии варзишгарони ҷавони шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон Абдуқаюм Аҳмадалиев зимни мусоҳиба зикр намуд, ки мусобиқа дар сатҳи баланди варзишӣ сурат гирифт. Дар он 14 нафар варзишгарони Қазоқистон иштирок намуда, 4 нафарашон соҳиби мукофотҳо гардиданд.
Қобили зикр аст, ки хатмкунандагони Шӯрои ҷумҳуриявии маҷмааи «Динамо» — и Вазорати корҳои дохилӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






