Нақши матбуоти тахассусӣ дар тарғиби донишҳои китобдорӣ

Май 7, 2015 15:34

Душанбе, 07.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар конфронси байналмилалии бахшида ба 50- солагии Китобхонаи давлатии  патентию техники Муассисаи  давлатии Маркази миллии иттилооти Вазорати рушди иктисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳузури густардаи хонандагону донишҷӯён ва мутахассисони соҳа 5-6- уми май дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба китобдорӣ,  ҷалби хонанда, китоб ва нақши он дар рушди маънавии инсон, мушкилоти соҳа, матбуот адабиёти соҳавӣ сухан рафт.
Тибқи иттилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Дар аввалин рӯзи баргузории он ширкаткунандагон бо фаъолияти марказҳо ва шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ ошно шуданд.
Сипас мизи мудаввар бо номи “Нақши матбуоти тахассусӣ дар тарғиби донишҳои китобдорӣ” доир гардид. 
Дар доираи чорабинӣ шумораи навбатии маҷаллаи “Китобдор”, ки маводи он ба солгарди таъсиси китобхонаи давлатии патентию техникӣ бахшида шуда буд, баргузор гардид.
 
 

Май 7, 2015 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад