Навсозии фаввораҳо аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ
Кӯлоб, 8.05.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар пайравӣ ба дастуру ҳидоятҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар ҷашни 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва соҳиби шаҳодатномаи пойтахти фарҳангӣ гардидани шаҳри Кӯлоб миёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр аз рӯи лоиҳаи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза идома доранд.
Соҳибкори маҳаллӣ Темур Латипов иқдом гирифтааст, ки ду фаввораи Боғи ба номи Сафар Амиршоевро таъмиру навсозӣ намояд.То кунун корҳои таъмирӣ дар иншооти мазкур бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ ҷараёни тоза дорад. Ҳоло 600 метр роҳҳои дохил ва атрофи фаввораҳо тармим шуда, дар 300 метри мураббаъ корҳои кошинкорӣ идома доранд.
Боғи ба номи Сафар Амиршоев дар арафаи истиқболи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бунёд ёфта, ҳамчун мавзеи истироҳатӣ барои сокинон пешбинӣ шудааст. Соҳибкор Темур Латипов ният дорад, ки то истиқболи солгарди иди Ғалаба иншооти мазкурро аз таъмир бароварда, ба ин гӯшаи шаҳр таровати дигар зам намояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






