Нинся дастовардҳои иқтисодияшро ба намоиш мегузорад

Май 14, 2015 10:30

Душанбе, 14.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Беш аз 50 ширкати истеҳсолии ноҳияи мухтори Хуэйи музофоти Нинсяи Чин молу маҳсулоти худро дар нахустин намоишгоҳи ин музофот, ки аз 18 то 21 майи соли равон дар «Кохи Борбад»-и Душанбе баргузор мегардад, ба намоиш ва фурӯш мегузорад. 
       Назар ба иттиллои Мукаммал Одинаева -сухангӯи Палатаи савдо  ва саноати Тоҷикистон,  нахустин намоишгоҳ дар доираи таҳими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Чин созмон дода шуда, ҳадафаш густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор-Тоҷикистон ва Чин ва ҷалби сармоягузорони ин кишвар ба Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
     Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои чиноӣ молу маҳсулотҳоро дар бахшҳои  саноатӣ, энергетика, ҳавопаймоӣ, мошинасозӣ, механикӣ, автомобилӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, коркарди пӯст, шишабарорӣ, сохтмонӣ, маводи хӯрокию нӯшокӣ, маҳсулоти «Ҳалол», кишоварзӣ, технологияҳои баланд, мошинолот, либосӣ, молҳои  маишӣ ва рӯзгор ба намоиш ва фурӯш  гузоранд.  
 

Май 14, 2015 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд