Оғози корҳои навсозӣ дар роҳи Спитамен-Мастчоҳ
Хуҷанд, 7.05.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Роҳи мошингарди байни ноҳияҳои Спитамен-Мастчоҳ таҷдид хоҳад шуд. Ин иқдоми нек дар доираи идомаи соли роҳҳои обод дар шимоли кишвар рӯи кор омада, баҳри беҳсозии рафтуомади сокинон нигаронида шудааст. 5 май раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни боздид аз ноҳияҳои Спитамен ва Мастчоҳ, минҷумла аз минтақаи роҳи мошингарди пайвандгари байни ин ду ноҳия, ки аз майдончаи маҳаллаи Комсомоли ноҳияи Масчоҳ то минтақаи сарҳадии ноҳияи Спитамен масофаи 17 километрро ташкил медиҳад, дидан намуда, ба оғози корҳои таъмиру таҷдид ифтитоҳ бахшид. Ба иттилои А.Қодирӣ соли гузашта дар вилоят бо эълон гаштани соли 2014 ҳамчун соли роҳҳои обод ҳолати 2830 км роҳ беҳтар шуда, соли равон низ ин иқдом идома ёфта, беҳсозии ҳолати зиёда аз 3 ҳазор км роҳи маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят зимни сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен аз хонаи фарҳангии ноҳия ва фаъолияти кунунии пойгоҳи обкашии «Новая» дидан намуд. Тавре ки иттилоъ дода шуд, хонаи фарҳанг соли 1985-уми қарни гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то кунун таъмир нагардидааст ва ба навсозӣ ниёз дорад. Бино дорои як толори бузург бо 600 ҷои нишаст ва зиёда аз 10 утоқи кориву машғулиятгузаронӣ буда, ҳамзамон дар ин муассиса мактаби мусиқии ноҳия низ фаъолият дорад. Иншооти пойгоҳи обкашии “Новая” соли 1986 ба истифода дода шуда, он дорои 5 агрегат буда, алъон танҳо 3 адади он фаъолият дорад, ки ин боиси кам гаштани оби полезӣ дар заминҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Куруш ва Сарбанд гардидааст.
Раиси вилоят А.Қодирӣ пас аз шиносоӣ бо иншоотҳои мазкур баён дошт, то дар ин пойгоҳи обкашӣ дастгоҳҳои навро васлу насб намоянд ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин дастрасии мардумро ба оби полезӣ муҳайё созанд ва дар масъалаи таъмири хонаи фарҳанги ноҳия таъкид намуд, ки дар доираи соли равон дар вилояти Суғд эълони Соли рушди фарҳанг — хонаи фарҳанги ноҳия низ ба таъмир фаро гирифта шуда, он дар арафаи таҷлили Рӯзи Сарқонуни кишвар ба истифода дода хоҳад шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






