Ободкориҳо дар Кӯлоб
Кӯлоб, 8.05.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол)- Раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ бо маблағгузории Ҳукумати ҶТ, кумитаю вазоратҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорони ватандӯст дар шаҳри Кӯлоб рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо менамояд. Аз ҳисоби Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ дар шаҳру минтақаи Кӯлоб бунёди 8 иншоот ба маблағи 5 миллион сомонӣ идома дорад.
Бунёди мактаб барои 624 хонанда дар маҳаллаи Умари Хаём, мумфарш кардани роҳ, таъмиру навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ аз даромадгоҳ то Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб, сохтмони мактаб барои 624 хонанда дар маҳаллаи 20-уми шаҳр, бунёди як бинои нуҳошёна дар маҳаллаи 15-ум, барқарор кардани девор ва дарвозаи қалъаи Ҳулбук, таъмиру тармими қисмати шимолу шарқии девор ва таъмири гумбазҳои оромгоҳи аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои муовини директори марказ Акрамҷон Акрамов дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Сарвари Давлат бунёди мактаби наву замонавии сеошёна аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар маҳаллаи Умари Хаём бо қувваи бинокорони ҶДММ “Ҳабиб” вусъати тоза дорад.
Феълан корҳои рангуборкунии утоқҳо ва қисмати берунаи бино идома дошта, сохтмончиён ҷаҳду талош доранд, то муҳлати пешбинишуда корҳои сохтмонии иншооти мазкурро бо сифати баланд ба итмом расонанд.
Мактаб дар асоси тарҳи мукаммал бо риояи усулҳои хоси меъморӣ қомат афрохта, бо ифтитоҳ ёфтани он 624 нафар хонанда дар як баст ба таълим фаро гирифта мешавад. Аз ҳисоби лоиҳакашони маркази мазкур корҳои заминии мактаб барои 624 хонанда бо ҷалби техникаҳои зарурӣ идома доранд ва соли 2016 мактаб пурра бо насби тамоми тачҳизоти зарурии таълимӣ ба истифода дода мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






