Омилҳои гароиши ҷавонон ба тундгароию ифротӣ кадоманд?

Май 5, 2015 15:59

 
Душанбе, 05.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Яке аз сабабҳои ба гурӯҳҳои  ифротию тундгарои исломӣ пайвастани ҷавонони тоҷик ба омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ-  бекорӣ, фақр ва коррупсия рабт дорад». Ин матлабро Худобердӣ Холиқназар, дирекори Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар 5 май дар Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Масоили рушди ҷомеаи  шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм»  ироа намуд.
       Мавсуф доир ба омилҳои густариши   тундгароии исломӣ ва экстремизм,  тадбирҳои пешгирии он  аз сӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози  назар намуда, сабабҳои ба гурӯҳҳои тундгарою ифротӣ гаровидани ҷавонони тоҷик ва тадбирҳои  ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти нангинро баён намуд. Зикр шуд, ки дигар омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро тӯъмаи гурӯҳҳои ифротию тундгарои исломӣ мегардонад, ин дур будани ҷавонон аз маърифати исломӣ ё бесаводии динӣ,  яъне надонистани  асолати исломи суннатӣ,  инчунин таблиғоти шадиди гурӯҳҳои  ифротӣ тавассути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетист, ки ин таблиғот ба муқобили арзишҳои  маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст. 
         Ҳамзамон омили дигаре, ки гурӯҳҳои  тундгарои исломӣ  аз он ба таври  васеъ истифода мебаранд, ин муҳоҷирати танзимношудаи ҷавонони тоҷик ба Русия мебошад, зеро дар ин кишвар ҷавонони тоҷик, ки синни аксарашон аз 18 то 30 аст,  бо роҳҳои гуногун фирефтаи макру ҳиллаи эмиссарҳо мегарданд. То ҷое мусаллам аст, дар Русия гурӯҳҳои  тундгарои исломӣ ва ифротӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо асосан аз ҳисоби  намояндагони мардумони қафқозӣ созмон дода шудаанд ва ин гурӯҳҳо  ҷавононеро фирефтаи  худ мегардонанд, ки онҳо аз лиҳози ахлоқӣ ва ақидавӣ заиф буда, зудбоваранд, аз  маърифати исломӣ садҳо фарсахҳо дуранд ва иродаи қавӣ надоранд. Ва ин ҷавонони гумроҳро мекашонанд ба ҷангҳои Шарқи Наздик -Сурия ва Ироқ.   Таъкид гардид, ки  бояд масъулини ниҳодҳои  марбутаи Тоҷикистон барои ҷилавгирии ҷавонон аз ин зуҳурот ба Русия сафар намоянд,  бо муҳоҷирони меҳнатӣ  вохӯрию суҳбатҳо анҷом диҳанд, хусусан дар ин самт нақши Хадамоти муҳоҷирати  кишвар ва Шӯрои уламоро  бояд тақвият бахшид. Зикр шуд, ки дар ин самт бояд идеологияи миллиро ташаккул дод ва он яке аз омилҳои асосии ҷилавгирии  ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои  ифротию тандгарои исломист.  
             Ҳамзамон ба андешаи сарвари ниҳоди тадқиқоти стратегии  кишвар, мавҷудияти омилҳои  марзӣ  ҳам яке аз зарфиятҳои  пайвастани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои тундгаро маҳсуб меёбад, зеро Тоҷикистон бо Афғонистон, ки яке аз минтақаҳои ноамни дунё маҳсуб меёбад,  1400 км марзи давлатӣ дошта, баъзе аз зуҳуроти хатарафзо маҳз бо убур намудани марзӣ давлатӣ сурат мегирад. Худобердӣ Холиқназар афзуд, ки марзбонони тоҷик дар ҳифзи сарҳади давлатӣ содиқона хизмат намуда, ҳушёриро аз даст намедиҳанд ва нахоҳанд гузошт, ки эмиссарҳо ва дигар аъзои гурӯҳҳои ифротӣ марзро  убур карда,  вориди  кишвари мо гарданд.
         Инчунин таъкид гардид, ки  таҳсили ғайриқонунии ҷавонони тоҷик дар бархе аз марказҳои исломии давлатҳои хориҷӣ, бахусус  кишварҳои арабӣ мояи нигаронист, зеро онҳо ҳангоми таҳсил дар ин донишгоҳу марказҳои исломӣ эмиссар гардида, баъди бозгашт ба ватан барои амнияти кишвари мо хатар эҷод менамоянд. Тадбирҳои  солҳои охир андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргардонидани  чунин ҷавонон аз хориҷи кишвар бамаврид ва саривақтист. 
       Дар мизи мудаввар инчунин Файзулло Баротзода-  директори Маркази исломшиносии назди  Президенти  кишвар, Сайидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Равшан Абдуллоев директори Бунёди Авруосиё дар Осиёи Марказӣ /Тоҷикистон/, Асомиддин Атоев директори Академияи маҷозии «ТИК барои рушд» ва дигар коршиносони соҳа дар мавзӯъҳои мақом ва рисолати институтҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар пешгирии  ифротгароӣ ва тунгароӣ дар Тоҷикистон, «Шабакаҳои иҷтимоӣ: нақши онҳо  дар пешгирии ифротгароӣ ва тундгароии  мазҳабӣ дар Тоҷикистон  ва соири  масоили марбут ба ин зуҳурот  табодули назар намуданд.  
 
 

Май 5, 2015 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд