Рашт: кишти картошка давом дорад
Рашт, 19.05.2015. ( АМИТ «Ховар», Мирзосафари Ризвон).- Боронҳои пай дар пайи баҳори имсола кишту кори кишоварзони ноҳияи Раштро ба таъхир андохтанд. Ба номусоидии ҳаво нигоҳ накарда, хоҷагиҳои ноҳия то имрӯз дар майдони 550 га кишти картошка гузаронидаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 75 га зиёд аст. Дар шинонидани картошка саҳми кишоварзони ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит, Ҳиҷборак, Ясман, Б. Раҳимзода ва Тагоба бештар мебошад.
Деҳқонони ноҳия мувофиқи дурнамо ният доранд то охири мавсим кишти картошкаро ба 1000 га расонанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






