С. Эллиот: ширкатҳои амрикоӣ хостори ташкили корхонаҳои муштараканд
Хуҷанд, 26.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Ширкатҳо ва соҳибкорони амрикоӣ дар Тоҷикистон хостори ташкили корхонаҳои муштараканд. Ин нуктаро дирӯз зимни сафари худ ба вилояти Суғд ва мулоқот бо раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сафири ИМА Сюзан Эллиот иброз дошт. Зимни баргузории мулоқот раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавии тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят аз иқдоми муҳими дар тӯли ду соли охир дар миқёси вилоят амалишаванда, аз ҷумла ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар ин замина ташкили 50 ҳазор адад хоҷагии хурди оилавию инфиродӣ ва дар ҳудуди ҷамоатҳо марказҳои хизматрасонии техникӣ, нуқтаҳои фурӯши тухмиву дору ва маслиҳатдиҳӣ маълумот дода, аз ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини ройгони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо сертификат тавассути лоиҳаи кадастри замин изҳори қаноатмандӣ худро баён дошт.
Сюзан Эллиотт пешниҳоди роҳбарияти вилоятро ҷиҳати ҷорӣ намудани таҷрибаи ҳамкории созмонҳои амрикоӣ дар минтақаи ҷануби кишвар дар мавриди таъмини техникаи хоҷагии қишлоқ дар вилояти Суғд дастгирӣ намуд ва афзуд, ки ҷонибаш чунин лоиҳаҳоро вусъат хоҳад бахшид.
Ҳамзамон сафири ИМА дар масъалаи эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва соҳиби кору маош гардонидани занони хонашин иброз дошт, ки Сафорати Амрико дар ин маврид метавонад бо роҳи ташкили машваратҳои омӯзишӣ барои занон ва таъмини таҷҳизоти истеҳсолӣ кумак расонад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҷорӣ намудани усулҳои муосири истифодаи оби полезӣ, бунёду барқарорсозии мероси таърихию фарҳангӣ, мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ ва пешгирии онҳо, ҷалби сармоягузории амрикоӣ ба минтақа ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ суҳбат намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба вусъати боз ҳам бештари муносибатҳои манфиатбахши Тоҷикистон ва ИМА умед бастанд. Бояд гуфт, ки Сафири ИМА Сюзан Эллиотт дар доираи сафари чандрӯзаи кории худ дар Суғд инчунин аз МОИ «Суғд» дидан намуда, дар назар аст боздид аз мавзеъҳои маданӣ ва супурдани техникаи хоҷагии қишлоқ ба идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара сурат гирифта, ӯ ҳамзамон бо ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои таъмири муассисаҳои соҳаи маорифу фарҳанг дар шаҳрҳои Исфараву Конибодом шиносоӣ пайдо хоҳад намуд.








Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд






