Семинарҳо аз рӯи масъалаи масъулияти корпоративии иҷтимоӣ
Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори Маркази байналмилалии савдои умури маблағгузории Ҳукумати Швейтсария чанде пеш дар ҳошияи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи савдо дар Тоҷикистон ду семинар аз рӯи масъалаи масъулияти корпоративии иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнати намояндагони ширкатҳои нассоҷию дӯзандагии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барои роҳандозии семинарҳо мушовири Маркази байналмилалии савдо оид ба ҳифзи меҳнат ва масъулияти иҷтимоӣ Оксана Герасимова даъват шуда буд.
«Қабл аз семинарҳо аз якчанд ширкатҳои нассоҷию дӯзандагии мушорикони лоиҳаамон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд боздид намудам. Мақсад аз ин боздидҳо баррасии вазъи ширкатҳои зикршуда дар бахши масъулияти корпоративии иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат, пешниҳоди тавсияҳои зарурӣ бо назардошти мушоҳидот, ҳамчунин посух ба саволҳои намояндагони ширкатҳо буд. Барномаи семинарҳо эҳтиёҷоти ширкатҳои Тоҷикистонро дар ин масъала инъикос менамояд», — зикр намуд Оксана Герасимова.
Мақсад аз муносибатҳои асосӣ ба масъулияти корпоративии иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат дар бахши нассоҷӣ ва дӯзандагӣ иборат аз фоидаи иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити хуби меҳнат, ҳамчунин арзёбии фаъолият дар ин бахш буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






