Семинари кормандони АНМН

Май 5, 2015 10:19

Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- 4 май дар  шаҳри  Душанбе  семинари  серӯза  дар  мавзӯи «Такмили ҳуқуқ ба фаъолияти эҷодии АНМН (Агентии  назорати  маводи  нашъаовар)»  барои  омӯзиши  таҷрибаи  пешқадам  ба  манзури   такмили  фаъолияти  эҷодӣ  ба  кораш  шурӯъ  кард. Дар  кори  семинар 20  нафар  кормандони   дастгоҳи  марказии АНМН  ва сохторҳои  вилоятии он ширкат  доранд.
Назар  ба  иттилои  АНМН ҶТ,  семинар  мутобиқи  дурнамои  гурӯҳи  байналмилалии  кор бо  дастгирии   дафтари Раёсати  СММ  оид ба  маводи  мухаддир  ва  ҷинояткорӣ   дар  ҳошияи лоиҳаи «Агентии  назорати  маводи  нашъаовари  Тоҷикистон» рӯи  кор  оварда,  мутахассисони  Маркази  миллии қонунгузории  назди Президенти  ҶТ ва Вазорати  адлияи  ҶТ ба он  даъват  шудаанд.
Назар  ба  гуфтаи  манбаъ,  кормандони Агентӣ  мафҳуму  принсипҳои асосии ҳуқуқ ба фаъолияти  эҷодӣ, тамоюлҳои такмили  қонунгузорӣ,  усулҳои  таҳия  ва тарҳрезии  санадҳои  меъёрию  ҳуқуқиро  меомӯзанд.
 

Май 5, 2015 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад