Ширкати осоишгоҳи “Баҳористон” дар намоишгоҳи туристӣ
Душанбе, 18.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Муассисаи пешсаф миёни осоишгоҳҳо ва хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо, инчунин дар самти табобату беҳдошти саломатӣ дар намоишгоҳи туристӣ, ки аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёхии Маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд доир шуд, ширкат намуд.
Дар намоишгоҳ хизматрасониҳои 6 осоишгоҳи маъруфтарини вилоят ва зиёда аз 10 ширкати сайёҳӣ ба маърази намоиш гузошта шуд.
Директори генералии ҶДММ “Осоишгоҳи Баҳористон” Абдумалик Содиқов зарурияти рушди туризми дохилиро зикр намуд. “Тоҷикистон дорои табиати дилфиребу нотакрор ва мавзеъҳои зиёди таърихӣ мебошад. Ва истифодаи самарабахши ин неъмат зарур аст. Мо, дар навбати худ, тамоми шаҳрвандони мамлакатамонро ба осоишгоҳи “Баҳористон” баҳри истироҳат ва беҳдошти саломатӣ даъват менамоем”,-гуфт ӯ.
Дар доираи намоишгоҳ миёни ҷамъомадагон озмуни рақси беҳтарин доир гардид. Ғолиби омзмун хонандаи курси аввали колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Зебоҷон Ҳошимова соҳиби роҳхати панҷрўза ба осоишгоҳи “Баҳористон” гардид. Роҳхатро ба ғолиб муовини директори генералии осоишгоҳи “Баҳористон” Исмоил Исмоилов супурд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






