Соҳаи тандурустии мамлакатро ҳукумати ИМА дастгирӣ мекунад
Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз дар меҳмонхонаи Hayat Regencу-и пойтахт бахшида ба анҷоми фаъолияти Лоиҳаи Оҷинсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ «Тандурустии босифат» ҷаласаи хотимавӣ оғоз шуд.
Дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров, Сафири фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот, ҷонишини директори рисолати Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ Дайвид Броун, директори Лоиҳаи «Тандурустии босифат дар ҶТ Мериан Шеридан ва дигар намояндагони оҷонсӣ ва вазорат иштирок доранд.
Дар конфронс натиҷаҳои фаъолияти лоиҳаи «Тандурустии босифат» дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла саломатии модару кӯдак, саломатии репродуктивӣ, бемории сил, ВНМБ ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ баррасӣ мегарданд.
Сюзан Эллиотт дастовардҳои лоиҳаи «Тандурустии босифат»-ро дар таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон дар соли 2010 зикр намуд.
Лоиҳаи «Тандурустии босифат» дар ворид намудани принсипҳои тиббии исботкунанда, такмили таҳсил дар соҳаи тибби оилавӣ ва истифодаи оқилонаи антибиотикҳо мусоидат намуд.
Лоиҳаи мазкур намунаи тарафдории ИМА ба вусъат додани дастрасӣ ба ёрии тиббии баландсифат дар Тоҷикистон мебошад. Кумаки грантии USAID ба Тоҷикистон ҳар сол 30 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад, ки 30 дарсади он ба соҳаи тандурустӣ равона мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






