Суғд: Бархурдории 100 донишҷӯ аз идрорпулӣ

Май 5, 2015 16:23

Хуҷанд, 05.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд вобаста ба қарори раиси вилоят 100 донишҷӯ аз идрорпулии раиси вилоят бархурдор хоҳад шуд. Тавре ки сомонаи расмии раиси вилоят иттилоъ медиҳад, мақсад аз таъсиси идрорпулиҳо- ин пеш аз ҳама ҳавасмандкунӣ ва дар ин замина дастгирии моддиву маънавии донишҷӯёну аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мебошад. 
Тибқи қарори мазкур, дар соли хониши 2014-2015 сад адад идрорпулӣ муқаррар мешавад. Аз он 64  идрорпулӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, 18 идрорпулӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ ва 18 идрорпулӣ барои аспирантон мебошад. Миқдори идрорпулиҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ 80 сомонӣ ва барои аспирантон 100 сомониро ташкил мекунад. Идрорпулиҳо ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин аспирантон ҳар моҳ, аз моҳи сентябри соли 2014 то июни 2015 супорида мешавад.
Барои дарёфти идрорпулӣ озмун гузаронида мешавад ва дар он донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4, ки аз фанҳои таълимӣ 75% баҳои аъло гирифта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, метавонанд иштирок намоянд. Ҳамчунин аспирантоне, ки таҳқиқоти илмии онҳо дар конфронсҳои илмӣ ба комёбиҳо ноил гаштаанд, дар конфронсҳои байналмилалӣ иштирок намуда, маводи онҳо нашр гардидааст, муаалифи ягон кашфиёт, ихтироъ, мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ мебошанд, иштирок карда метавонанд.
Дар озмун сатҳи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ, тахассусӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, натиҷаи корҳои илмию эҷодӣ ва дониши забонҳои хориҷии довталабон санҷида мешавад.
 
 

Май 5, 2015 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад