Суғд: иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ пеш аз муҳлат

Май 6, 2015 10:03

 
Хуҷанд, 06.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Нақшаи даъвати баҳории сафарбарнамоии ҷавонони синни даъватӣ  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пурра иҷро шудааст.
Тавре ки масъулин аз Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд хабар доданд, то 5 май ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд нақшаи даъватро бо сифати баланд ва пеш аз муҳлат иҷро намуд.             
Бояд гуфт, ки имсол низ наздик ба 2,5 ҳазор наваскар ба қисмҳои низомии кишвар сафарбар гардид.
 
 

Май 6, 2015 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш