Суғд: медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони мақомоти милисия

Май 6, 2015 11:42

Хуҷанд, 06.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои  дохилии  ҶТ  дар вилояти Суғд  ду нафар иштирокчии ҶБВ ва хамзамон собиқадорони мақомоти милитсияи вилоятро бо медалҳои ҷашнии  Вазорати мудофиаи ҶТ — “70 солагии Ғалаба” қадрдонӣ намуд.
 Тавре ки ба АМИТ Ховар роҳбари хадамоти матбуоти РВКД  ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов иттилоъ дод,  дирӯз ду нафар собиқ корманди РВКД-и  вилоят-И.Абдуллоеви 93-сола,   сокини ноҳияи Исфара ва А.Қаюмови 91-сола, сокини ноҳияи Истаравшан, ки пас аз бозгашт аз набардхои соли 1941-1945 солҳои зиёд дар  мақомоти корҳои дохилӣ хизмати шоиста намудаанд,  аз тарафи кормандони Раесати мазкур аёдат шуда, бо медалҳои ҷашнӣ мукофонида шуданд. 
 
 

Май 6, 2015 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш