Суғд: «Тақвияти мубориза бар зидди қочоқ»
Душанбе, 22.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар зарфи чор моҳи соли равон Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки кишвар дар вилояти Суғд 1085 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва чор ҳолати ҷиноятро ошкор ва ба қайд гирифтанд. Маркази матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медихад, ки дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 782,7 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, инчунин ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ мол мусодира гардид. Дар тӯли чор моҳи сипаришуда, дар натиҷаи гузаронидани муоинаи гумрукӣ, аз воситаҳои нақлиёти бархе шаҳрвандони вилоят дар ҳудуди шаҳрҳои Хуҷанду Қайроққум ва ноҳияи Ҷаббор Расулов- минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон-Қирғизистон, аз қочоқи фурӯзонакҳои тафсон, оби ҷав, нӯшокии спиртӣ-шароби истеҳсоли Қирғизистон ҷилавгирӣ шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






