Суғд: Замини наздиҳавлигӣ ба 771 оилаи эҳтиёҷманд
Душанбе, 4. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 1 май дар ҳудуди шаҳраки навбунёди Сайҳун ба 771 оилаи эҳтиёҷманд аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Чкалов ва Қайроққум қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуд.
Зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои мазкур, ки барои гирифтани заминҳои наздиҳавлигӣ ба шаҳраки навбунёди Сайҳун омадаанд, таъкид шуд, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои беҳтар намудани шароити манзили зисти сокинон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар ин росто бунёди шаҳраки наву замонавии Сайҳун, ки дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад, маҳз барои таъмини сокинон бо шароити беҳтари зист нигаронида шудааст. Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки дар ин минтақа аллакай оби полезиву нӯшокӣ оварда шуда, кашидани хатти ташноб оғоз гардидааст. Раиси вилоят изҳор дошт, ки сокинон метавонанд ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ оғоз намоянд, зеро барои ин кор шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Абдураҳмон Қодирӣ инчунин гуфт сертифакатҳои ҳуқуқи истифодаи замин барои шаҳрвандон ба таври ройгон дода мешавад. Таъкид шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани мушкилот сокинон метавонанд ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намоянд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон кулли ҳозиронро ба иди байналмилалии якдилии меҳнаткашон — Рӯзи 1 май табрик гуфта, барои оғози корҳои бунёдкорӣ ба сокинон барору комёбиҳо таманно намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






