“Суғдиён-Помир тур” 206 нафарро ба Русия интиқол дод
Душанбе, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар доираи ҳамкории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо субъектҳои хоҷагидор баъди таҷлили Иди Ғалаба сафарбарии муҳоҷирон ба Федератсияи Русия авҷи тоза гирифт.
Аз ҷумла аз ҷониби ҶДММ “Суғдиён-Помир тур” 206 нафар сокини ноҳияи Ашт дар ҳайати 6 гурӯҳ ба Русия гуселонида шуд. Аксарияти онҳо барои муҳоҷират кишвари Олтой ва минтақаи Сибирро интихоб намудаанд.
ҶДММ “Сомонэкспрестранс” сафарбарии 31 нафар, ҶДММ “Роҳи Абрешим” 40 нафар муҳоҷири меҳнатиро аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба шаҳри Тюмен ба роҳ мондаанд.
Аз ҷумла, аз ҷониби ҶС “Иттиҳодияи автовокзалҳо” 23 нафар ба шаҳри Красноярск, 13 нафар ба шаҳри Новосибирск ба муҳлати 1 сол фиристода шуд.
ҶСк “Нақлиёт” 15 нафар сокини шаҳри Конибодомро ба шаҳри Сургут гуселонид.
Пеш аз гусел намояндагони Раёсат бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрда, онҳоро ба риояи қонуният даъват карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






