Таҷлили ҷашни ҷавонию зебоӣ дар Файзобод
Файзобод, 25.05.2015.(АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии ноҳияи Файзобод чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳия Сайбӣ Раҷабова , сардори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Умед Раҳимов ва мудири маорифи ноҳия Файзулло Наҷмиддинов ҷавонони ноҳияро бо ҷашни ҷавонию зебоӣ табрик намуда, баҳрашон рӯзҳои нек, саодатмандию зиндагии осударо таманно карданд.
Сардори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Умед Раҳимов барои саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои «30 рӯзи ҷавонӣ» ва «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» ба фаъолҷавонони ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои таълимии ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Ҳамчунин мудири маорифи ноҳия Файзулло Наҷмиддинов ба устодон ва толибилмоне, ки дар озмунҳо ва олимпиадаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ғолиб омада буданд, диплому сертификат ва ифтихорномаю медалҳо супориданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






