Таҷлили Рӯзи байналмилалии оила дар Хуҷанд
Душанбе, 18. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо иштироки оилаҳои намуна ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи оила табрик гуфта, оиларо гурӯҳи хурди ибтидоии давлат номид. Ҷомеаи солим аз оилаи солим ибтидо мегирад ва аз ин рӯ, ҳамагонро лозим аст, ки дар солим нигоҳ доштани оила, тарбияи фарзандон дар руҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бикӯшанд.
Дар шаҳри мо даҳҳо оилаҳои барӯманд ҳастанд, ки худ замоне дар пешрафту шукуфоии кишвар хизмати шоиста кардаанду имрӯз фарзандону пайвандони онҳо ба ҷомеа хизмати шоиста мекунанд,- гуфт раиси шаҳр.
Дар чорабинӣ оилаҳои барӯманд ҳамсарон- Исматҷон Шерматову Сабоҳат Миркалонова ва Тӯхтабой Улмасову Бароатҷон Ӯлмасова, ки солҳои зиёд дар аҳлию тифоқӣ умр ба сар мебаранд, аз таҷрибаи зиндагии якҷоя ва лаҳзаҳои фаромӯшношудании рӯзгорашон нақлҳо карданд.
Ҳамзамон аз ҷониби ҳунармандони Театри ба номи Хоҷа Камол аз рӯзгори як оила саҳнача намоиш дода шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






