Такмили механизми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
Душанбе, 14.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, пайваста дар баромадҳояш доир ба дастгирии қишри осебпазири ҷомеа таъкидҳо менамояд. Тавре ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардид: «Ҳукумати кишвар бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин муносибатро минбаъд низ пайгирона идома медиҳад».
Воқеан, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли афзоиш буда, бо дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкиситон ҳамасола зиёда аз 50 фоизи буҷети давлат баҳри беҳбудии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад.
Яке аз шаклҳои нави дастгирии иҷтимоӣ механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ мебошад. Тибқи иттилои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шуруъ аз соли 2011 дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардида, соли 2013 иловатан шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Норак, Хуҷанд, ноҳияҳои Шуғнон, Фархор, Ҳисор, Файзобод ва Айнӣ низ ба рӯйхати шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ шомил шуданд.
Ҳамзамон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ба 25 адад расонида шуда, механизми мазкур дар ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон ва Панҷи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Тавилдара низ ҷорӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки ин барнома бо дастгирӣ ва мусоидати бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи “Мустаҳкам намудани соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” қабул гардида, амалишавии он ба уҳдаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор шудааст.
Ҳамин тариқ, дар 25 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ воҳидҳои кории иловагӣ, аз ҷумла, 25 воҳиди кории мутахассис — коргузор оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (котиби озод), 25 воҳиди кории курйер ва 180 воҳиди кории кормандони иҷтимоии ҷамоатҳо ва кумитаҳои истифодаи манзил таъсис дода шуда, 230 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид.








Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






