Таъмини муҳоҷирони экологӣ бо қарзҳои имтиёзнок
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, барои аз минтақаҳои хавфнок кўчонидани 350 хоҷагии дар ин мавзеъ ҷойгир буда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо фарорасии мавсими гармо ба мавзеъҳои бехавф кўчонидани 34 хоҷагӣ аз ВМКБ, 55 хоҷагии вилояти Суғд, 175 хоҷагии вилояти Хатлон ва 86 хоҷагии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оғоз мегардад.
Тавре ки сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ А. Қодирӣ иттилоъ дод, муҳоҷирони кўчонидашаванда бо қарзи имтиёзнок ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






