Таъмини муҳоҷирони экологӣ бо қитъаи замин
Душанбе, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар ҷамоати деҳоти «Тугарак» ва деҳаи Хоҷамуъмини ноҳияи Восеъ ба 10 оилаи муҳоҷири экологӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ қитъаи замини назди ҳавлигӣ ҷудо шуд, ки дар айни замон онҳо ба сохтмони мазили зисташон шурўъ намуданд. Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А. Қодирӣ, барои танзими раванди муҳоҷиркунонии аҳолӣ ва аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба мавзеъҳои бехавф кўчонидан комиссияи дахлдор таъсис шудааст, ки бо сокинон вохўрда, дар байни онҳо пайваста корҳои тарғиботӣ-фаҳмондадиҳӣ бурда, барои сари вақт ба ҷойҳои бехавф кўчонидани аҳолӣ кўшиш ба харҷ дода, 10 хоҷагие, ки ба кўчонидан ба ҷойҳои бехавф дар соли 2015 эҳтиёҷ доранд, мавриди омўзиш қарор дода шуд. Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки муҳоҷирони экологии ноҳия хулосаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






